ақиб

ақиб
[عقب]
а
1. паси чизе, қафои чизе, тарафи пушти чизе
2. пай, пас, дунбол
3. охир, поён; аз ақиби… а) аз паси…, паси…, пушти…; аз ақиби дар; б) аз пайи…, аз дунболи…; ба ақибаш ба пасаш, ба қафояш; пои ақиб ду пои пас (дар чорпоён); ақиб андохтан // ақиб кашидан худро ба қафо гирифтан, ақиб рафтан; ақиб афтодан қафо мондан (нисбат ба дигарон); ақиб гардондан ба қафо гардондан, пас гардондан, баргардондан; ақиб гаштан ақибнишинӣ кардан, ба қафо гаштан; ақиб гузоштан қафо монондан, ба таъхир андохтан, суст кардан (пешрафти чизеро); ақиб кашидан (худро) ақибравӣ кардан, ба қафо гирифтан; ақиб мондан а) қафо мондан, пас мондан; б) вақтро аз будаш кам нишон додан(-и соат); в) киноя аз пеш нарафтан, тараққӣ накардан; ақиб нишастан қафо рафтан, ақибнишинӣ кардан; ақиб партофтан а) ба қафо ҳаво додан (чизеро); б) дер монондан, ба таъхир андохтан (кореро); ақиб рафтан қафо гаштан, ақибнишинӣ кардан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»